Дар бокси касбӣ барои варзишгарони рус тағйироти муҳим ба назар мерасад. RCC Boxing бо роҳбарии WBC дар бораи аз сар гирифтани ҳамкорӣ пас аз маҳдудиятҳое, ки аз соли 2022 амал мекунанд, гуфтушунид оғоз кардааст.
Боксгарони рус метавонанд боз имкони пурра баромадан таҳти сарпарастии Шӯрои ҷаҳонии бокс (WBC)-ро пайдо кунанд.
Директори генералии RCC Boxing Promotions Герман Титов дар бораи оғози гуфтушунид бо президенти ташкилот Маурисио Сулейман хабар дод.
Ба гуфтаи Титов, аввалин мулоқот самаранбахш гузашт ва тарафҳо барои идомаи баррасии ҳамкорӣ ба мувофиқа расиданд.
Марҳилаи навбатии гуфтушунидҳо барои 8–13 ноябр ба нақша гирифта шудааст, вақте ки конвенсияи солонаи WBC баргузор мешавад.
Ёдовар мешавем, ки дар моҳи феврали соли 2022 WBC нисбат ба бокси русӣ маҳдудиятҳо ҷорӣ кард. Варзишгарони Русия аз рейтингҳои ташкилот хориҷ карда шуданд ва баргузории набардҳои унвонӣ дар ҳудуди кишвар манъ карда шуд.
Акнун яке аз бузургтарин промоушенҳои русӣ мекӯшад, ки вазъияти ҷорӣро тағйир диҳад.
Бозгашти WBC барои боксгарони рус имкониятҳои иловагиро барои иштирок дар набардҳои қаҳрамонӣ ва пешрафт дар рейтингҳои ҷаҳонӣ мекушояд.
Аммо қарори ниҳоӣ ҳанӯз қабул нашудааст. Дар айни замон сухан дар бораи гуфтушунидҳо меравад, на дар бораи бекор кардани расмии маҳдудиятҳо.